Dilshodi Farhodzod

В детстве у нас была небольшая библиотека состоящая из книг произведений поэтов и писателей различных народов как Хафиз, Джами, Камол Худжанди, Наваи, Бедиль, Дюма, Джек Лондон, Чехов, Горький и других, которыe читал мой отец.
Подражая именно ему я стала читать и сочинять стихи. Это было гордостью для меня, но я не знала тогда, что быть поэтом — большая ответсвенность. Поэтому для меня трудно называть себя поэтессой.
Я издала свои две книги стихотворений: «Лунные ночи» («Шабҳои маҳовез») и «Кусок света» («Як қалам рӯшноӣ»).
У меня большое предпочтенье к классикам персидско-таджикской литературы. Люблю читать произведения современных таджикских и иранских поэтов как Нодир Нодирпур, Фуруг Фаррухзод, Симин Бехбахони, Лоик Шерали, Бозор Собир, Гулрухсор, Фарзона ..

In my childhood, we had a small library of books consisting of works of poets and writers of different nations like Hafiz, Jami, Kamal Khujandi, Navai, Bedil, Dumas, Jack London, Chekhov, Gorky and others which my father had read.
Imitating to him, I began to read and write poetry. It was a pride for me, but I did not know then, that to be a poet is a great responsibility. Therefore, it is difficult for me to call myself a poet.
I published my two books of poems: «Moon Night» ( «Shabhoi mahovez») and «Piece of Light» ( «Yak qalam rushnoi»).
I have more preference to the classics of Persian-Tajik literature. I like to read the works of modern Tajik and Iranian poets like Nodir Nodirpur, Furugh Farrukhzod, Simin Behbahoni, Loic Sherali, Bozor Sobir, Gulrukhsor, Farzona …


Отрывок произведения A piece of light (in Tajik)

ҒАЗАЛВОРАҲО

Кулли явминро на бадтар, балки беҳтар мекунем,

Эй азизи беҳтар аз беҳтар, биё, сар мекунем.

Чунки беҳ аз беҳтаронӣ, бадтар аз бадтар манам,

Эй Худо, инсоф деҳ, аз худ то сар мекунем.

Дар ҷаҳони танги худ дунёи дигар офарем,

Аз дили ту то дили ман дори акбар мекунем.

Модари бар содагӣ содиқи бар ғам дилсупор,

Бар сари гӯри ғамонат санги мармар мекунем!

Ашкҳоят бар сари санги дилам беҳудааст,

Кор агар бо ашк созад, баҳри Мармар мекунем!

Модари осонтаслими ғамони беамон,

Дар ҷиҳод аз баҳри шодӣ кори барбар мекунем!

Гунг то кай менишинӣ, безабони розҳо,

Шеърро дар бозгӯи роз ёвар мекунем.

 

****

Дилам ба нимагеш моҳвора мешиканад,

Зи мӯяҳо ба мӯи ман ситора мешиканад.

Магар ситораи думдор буд бар сари ман,

Ки пора-пора фарри тоҷвора мешиканад.

Зи тоби панҷаи ғуруб  офтоб шикаст,

Нишаста сард моҳ нобачора мешиканад.

Ҳазор нозу рози хеш пеши дил бибарам,

Алам қалам ба қалам дардвора мешиканад.

Бубин, устухони ман  ҳама муқовиматаш

Ба зери тоқати ҳазорбора мешиканад.

Нигар, тавонманд панҷаи иродаи ман

Агарчи мешиканад,- мардвора мешиканад…

 

****

Дар доираи афлок ангуштнамо хуршед,

Бинҳода ба худсӯзӣ дар арш бино хуршед!

Дар ҳалқаи бетобон ҳар он ки намесӯзад,

Бошанд зи бетобӣ ангуштнамо, хуршед!

Месӯзаду сӯзонад, хомӯш намегардад,

Ҳар кас, ки табе дорад, бар тан-ш даво хуршед!

Афсурда намегардад, дилмурда намегардад,

Ҳарчанд ба тобу таб ҳар рӯз ба по хуршед…

****

Кунун нозҳои банда бехаридор аст,

Ки гашт аз фурӯшу вақти гашти бозор аст.

На, ман ғалат намуда бурдамаш ба ҷое, ки он

Фурӯшгоҳи хӯрданиву латтабозор аст.

Касе на қалб мехарад чу гурдааш набвад

Далер доғ аз ҷигар барад, ки хунхор аст.

Чи рӯзҳо, ки хешро ба мурда афкандам,

Ба пеши ҳар кӣ мегузашт, дидам, ки нодор аст.

Вале миёни ин фусурдагӣ ниёзе гарм

Уруҷ мекунад миёни шаб, ки бедор аст.

Намурдааст шавқи мo ба ин дарундорӣ,

Навозияш ба лутф, бингарӣ, ки ҳушёр аст.

Ҳамели ашки хешро худам харидорам,

Ки дона-донаҳои роздори пиндор аст.

Ҳазор шукр бозувони зоти волоро,

Ягона он азизи дил, ки нозбардор аст.

Ба пеши пош афканам матои ҷонамро,

Агарчи муштарим нест, ҳам харидор аст…

 

****

Офтоби сарам нест, хоҳар,

Сояе ҳамсарам нест, хоҳар.

Содагӣ панд медиҳад ҳар дам,

Содаи боварам нест, хоҳар.

Ман дилам ғаш, ки беғашу софӣ

Cофии боварам нест, хоҳар.

Аз қутубе вазида шамолӣ,

Гармии ховарам нест, хоҳар.

Марг ҳам аз бурун наояд то,

Зиндагӣ бар дарам нест, хоҳар.

Ахтаре бар фалак чи сон тобад,

То  фурӯғи фарам нест, хоҳар.

Нимаангушт эътиборам ку?-

Зарринангуштарам нест, хоҳар.

Нози ман даст бар гиребон аст,

Куртаи фарфарам нест, хоҳар.

То дигар қақнус аз куҷо рӯяд,

Тухми хокистарам нест, хоҳар…

 

РУБОИЁТ

То шеър бихонам ҷигарам месӯзад,

Дар ҳавзаи чашм ашки тарам месӯзад.

Ман чома набитвонам аз ин баъд навишт,

То хома ба хун андарам месӯзад.

 

****

Имсол ба пой барф дорад Наврӯз,

Ҳеҷам ба замин по нафишонад Наврӯз.

Ман дар бағали ёр куҷо гарм шавам,

То васли маро муҳол дорад Наврӯз?

 

****

Бар чил нарасида чил чил-чил шудаам,

Дар ишқи фалонӣ нимабисмил шудаам.

Як сурати шишагии беҷонам ман

Аз чил-чили канда-канда ҳосил шудаам.

 

 

ШЕЪРҲОИ ОЗОД

Орзуи асри тиллоӣ

 

Ашки ғам кай ашки шодӣ мешавад,

Ноумедӣ кай умед…

Занни як зан дар талоши бахт

дар ҳазоручанд соли таърихи ҳасрат

мехӯрад барҳам даруни иттифоқе,

дар набарди сарди байни сабри марду дард,

бо умеди як навид аз инқилоби асри тиллоӣ…

 

Мерасад кай қосиди наврӯзияш аз роҳ,

Пайки паймони амонӣ

дар ливои шеъри испедаш,

Мечакад аз ашки шодияш чакома,

Ҳамчу нотa рӯи тор-

ҷӯр бо оҳанги уммедаш.

Хусравонӣ мекунад оғоз-

шодком аз инқилоби асри тиллоӣ…

 

Бобунае дар лаптор (laptop)

Ало бар рӯи тори шашмақоми рози ман мизроб!

Ало ноҷӯр бо оҳанги хоҳишҳои марговар!

Ало ёвар!

Ало фонус бар торикии маҳтоб!

Туро дар рӯйи нути набзи номавзуни шабҳангоми танҳоӣ

Чу як шеъри сапеди ҷӯр бо эҳсоси пуршабхун мехоҳам.

Юсуфи сурататро ҳамчу як тасвир аз бобунаи шамсӣ

Ба рӯи саҳфаи лаптоп…

 

 

Наққошиҳое барои шеърам

(барои наққошзане амрикоӣ)

 

Оҳҳояшро,

ҳамчу хорҳо, аз роҳ,

пурдард мекашид

ва бар сари маслубе дар синаи ман

мегузошт, —

Шаҳомати дардҳоямро мефузуд

ва сарбаландии хушҳолиро дар лаҳзаҳоям ҳақир менамуд, —

Наққошзане,

Ки мӯйҳои қаламашро

Бар шонаҳои салиби мусаввара меафканд…

 

Маслуберо дар тахтаи вуҷудам ба танг меовард

Чу мехҳоро дар синаҳоям сахттар мекӯбид

бо оҳҳои кабуд…

 

Чу абрувони ҳайраташ ранги камон мешуд,

Ҳатто фоҷиа дар назарам сода буд…

 

Тасаввуроташро

бо хаёле атласӣ

тор бар пуд мечид;

Бо минқори қалам

Донаҳои хаёлро

бар даҳони кабӯтаркоғазҳо мебурд

Ва сурати саодатро

дар болҳояшон ба парвоз меовард…

 

Офтобро, ба якрангӣ, тоза мекашид.

Ва ранги осмонро

ҳар гуна таъбир менамуд:

Рамзи хушҳолӣ,

Рамзи бадҳолӣ…

 

Ҳар оҳ, ки мекашид,

Ба сурати заъфаронам ранги осмонӣ мезад.

Ва маслуберо,

ки бар марги фаромӯшӣ маҳкум буд

дар синаи ман,

Дар ашкҳо

дубора эҳё мекард, —

дар тоблуе хушранг

ва қобҳояш шикаста аз қаҳқаҳаи шодӣ …

 

 

Қурбонӣ

 

Овардаӣ:

Қурбонии лабҳоятро

дар сано,

Қурбонии гуноҳатро

дар фохтаи нигоҳ,

Ба дӯши панҷа тифли ашкатро…

 

Дили дасти ту сафед,

Дасти ту мӯъҷизае,-

Яди байзои Худованд!

 

Ту устухони соқаву бозуро

Барои гармии гулхандаи гулхан

гузоштаӣ,

Маро ҳам,

Маро ҳам гумоштаӣ,

Ки як-як ниҳам устухонамро,

Вақте ки сангҳои дилро ба ҳам задаем.

 

Мо ҳама бояд сангҳои дилро ба ҳам

занем,

Устухонҳоямонро рӯи ҳам бигзорем,-

Барои гармии оташи ҷовиди муҳаббат.

Қурбонии табҳоро,

Қурбонии лабҳоро биёварем.

Лоақал ду фохтаи арзи саломро

Ба саломхонаи фариштагон   равона

кунем…

 

Шаҳри орзуҳо

Он ҷо дарахти фаввора шодоб,

Содагиву садоқат сероб аст.

Нуриён бинишаста

гирди мизи мудаввари офтоб

ба машварат,

То бори сарпаноҳии сарчашмаҳои сафоро

ба дӯши кӯҳҳо бигуморанд…

 

Мегӯянд, ки шаҳри азим нест ба вусъат,

Аммо

Сари ҳар қадам –

Азамати садоқату сафост,

Азамати самимият,

Азамати фазлу сахост…

 

Орзуҳоям аз ҳад гузашта,

Ва аз паи симхори имконҳо

Маро садо мекунанд,

Ки бефусӯс бигзарам боре,

Биравам,

Дар сояи дарахти фаввора

Аз самимияту садоқати дӯстон шодоб шавам,

Болотар равам

Ва ба паноҳгоҳи сарчашмаҳои сафо сар дароварам,

Боре равам

Ва қадре бузург шавам дар шаҳри кӯчак,

Ки кӯчактарам дар шаҳри бузург!

 

Мегӯянд, ки шаҳри азим нест.

Аммо

Сари ҳар қадам –

Азамати садоқату сафост,

Азамати самимият,

Азамати фазлу сахост-

Шаҳри азим нест, –

Дунёст!

 

Ҳақиқати рӯз

Худованд шабро сафед накард.

То ҳақиқати рӯз рӯшан бошад.

Танҳо чароғи ҳикмати Моҳро бар зулмати

он овехт,

То бидонем, ки бадру ҳилоли таҷаллӣ дар

ҳаракати мост.

 

Мо чу Моҳ наздик ба Заминем-

Сарду сиёҳ…

Чӣ мешуд, агар дили Офтоб наметапид?!

Чӣ мешуд, агар ба Моҳ наметобид?!

Чӣ мешуд, агар касе намегуфт:

  • «Дӯстат дорам!»?

 

Минуии сабзиш

Сабзинаи арча…

Чи хуне ба рагонаш,

Ки ҳамасола ҷавон аст?!

Ҳама зангори ниҳонаш,

ки дар рӯш аён аст,

ба чи шуста?

Бехазон,

Вораста, — аз он хок, ки руста.

Шаби милоди Масеҳ

Тоҷ бар сар,-

Ба шаҳриёрӣ расида

зи минуии сабзиш…

               

 

 Лола

Ин лола зи тухми бефано рӯида

Ва ба хун шуста шуда.

Агараш бод

косаи коми варо

мешиканад,

Зарфи тиллоии имон-ш

Холис аз ҳар тиллост,

комил аз заъф.

Чу баҳор кӯзагар аст,

Метавонад, ки дигар

биниҳад бар кафи ӯ

ҷоми коме

зи шароби абадият…

 

Пушти пушта

“Аламбардорони миллат” бебайрақанд,

Бе байрақи сафеди сулҳ.

Дар  асбҳои чаҳл месипаранд раҳ.

В-аз дасти деви нафс

ҷонҳояшон

кушта мешавад.

Номҳояшон

ҷовидонӣ

пушти пушта мешавад.

 

Пари бобуна

Ту  магар оинаи хуршедӣ,

Чу ба ту менигарам,

Ғунчаам равғани гулгуни табассум

ба лабони ҳавасаш меронад,

Ва дигар ҳеҷ  асроре

андар гираҳи мим намемонад.

Ва дигар сояи шак нест, ки нишинем дар ў,

Пари бобуна якояк биканем :

«Дўст дорад ё на?»

 

 

Бенамозиҳои ҳавас

Хаёли рӯи ту,

Рӯъёи ту

андар ҳарими хонаи чашмам

ҳама сӯ мекашад тасвир.

Зулайхои ҳавасҳои маро

дар шабгуми коме

намояд пир.

Худоё, бенамозиҳои ӯро деҳ татҳиру

раҳояш кун,

Ниёзе дораду бо оби ишқи пурсафои худ

равояш кун!

 

Сарторики ҳавасҳо

Хатоҳояшро ҳак хоҳад кард, ба хок,

Гунаҳҳояшро нақш хоҳад зад,  бар об,

Гузаштаҳояшро ба ёди бод хоҳад андохт.

Ва сарторики ҳавасҳояшро

Дар тоби ситорае хоҳад гудохт.

Тухмаи меҳрро дар моҳ хоҳад кошт.

Ва дидагонашро рӯшан хоҳад кард,

Тифли эҷодашро

Дилшод ном хоҳад гузошт.

 

* * *

Ишқро

Дар чашмонаш ба об,

Дар нигоҳаш ба офоб

Ва дар дилаш ба хун полудаӣ,

Ки ин кафорати гуно-ст…

 

* * *

Дар Самарқанд

Шохаҳои расолати

дарахти ҳазорсолаи миллат

Ва дар тамоми соҳати замини Худованд

Решаҳои асолати чандин ҳазорсолаи моро

ба ҳар иллат

мебуранд,

мебаранд.

 

(Шеърҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 1300 калимаанд)

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (18 оценок, среднее: 1,67 из 5)

Загрузка...