Здравствуйте. Меня зовут Сухайло. По профессии я — врач гинеколог. Работаю в районной поликлинике. Совмещаю работу с чтением и писанием. Мой рассказ » Ношукри» написан на таджикском. Он повествует о бесправность женщин в Афганистане. Всего хорошего
Рассказ «Ношукри»
отрывок
Бадриддин, имруз андаке барвакттар аз падари муйсафедаш, замоне ки садои фораму борики муаззини масчиди дехаи асноашариёни Чавайдара мардону чавонони намозгузорро ба масчид мехонд, аз хоб бедор шуда буд. У паст-паст сурфида, дари сиёххонаро так-таккунон, бо овози паст суоломез гуфт:
— Ого масчид меравем?
— Чаро не?- Хозир бачам, меоям, хозир….
Муйсафеди Обидшох аз тирамохи порсол то ба имруз пайваста бемор буду кампири Мохидарвоз пойвозу бемордори у. Бечора кампираш дар ин муддат уро халилобу мургшурбо хуронда, масчидраваш кард, вале агар у тасодуфан ягон руз ба посе, (дидорбинии зани зурьётёфта), ё чои дигар мерафту муйсафедро хаволаи ду синхораш мекард , фишори хуни у хамон руз хатман боло мерафту нолиши у боз сечанд мешуд.
Кампири Мохидарвоз офтобаи пури оби ширгармро ба ташноб бурда, худ андармони чойчуши гардид. Муйсафед остин барзада, охиста-охиста машгули тахорат гашт. Зери лаб куфу суфкунон у дуое мехонду хамзамон фикру зикраш боз ба тарафи писари нозиёнаш Бадриддин рафт, вале дафъатан худро таскин дода, нимгурма гуфт: «Иншоаллох хамааш хуб мешавад. Кампирро гуфтан лозим, ки бо синхорам минбаъд ба ванчихона(хонаи чорсутунаи дорои суфахои баланд барои хоб) гузаранд. Он чо шабхо салкин. Агарчи бахори имсола сарду сербориш омада бошад хам, хафтаи охир гарм аст. Боз зан бо зан чур меояд. Се духтархои хурдии Бадриддинро янгааш Оростамох бояд зери канот бигирад. Баъдан, хам утоки хобу хам утоки бачахои Нуриддин калону бархавоянд. Ба Нуриддин гуфтан лозим, ки баъди кулба (шудгор) аз лалмазори пушти агбаи Гарданга торону чагора чинда биёрад. Харчи набошанд хам, шаш духтари Бадриддин кобулианду маззаи торону чагораи Дарвозро кам дидаанд. Ду руз пеш Шакилову Сухайлои ноздонаву хурдсол дар назди мехмонони хоричи барои чукри чангида буданд. Он кадар гирев бардоштанд, ки Бадриддин аз рафтори духтаронаш дар пеши хоричихо як андоза кам омад. Мехмони фаронсави ба Шакило кулчаи кандин муроот мекарду хамсари у ба Сухайло шириниии когазпечеро аз чайб бароварда дод. Вале онхо ба шириниву кулчаканд ним назаре накарда, чашм аз чукриву торонхои руи дастархон намеканданд.-Шахриянд, шахри…,канди бисьёр дидаанду сабзаи кам.
Сабзавору майсавор хар шаш духтари Бадриддину Малолай дар Кобул руста буданд. Падари духтархо дар замони хукумати демократии Начибулло сохибмансаби вазорат буд, вале дар замони хукумати мучохидон аз кор барканору ба кавли хамкасби дигари бекораш огои Самангони «аз барги чинор бекадртар» шуд. Бадриддини бепулу пайса ба хар муассисаву идораи он вакта сар мехалонду бенатичаву малул аз он чо мебаромад. Танхо баъди оне, ки сулх ба кишвар омаду вазоратхо ба вазифаи собики худ даст заданд, «кор ба ахли кор» тавзеъ шуд. Хамсабаку шарики чониаш Самангони дар Бомиён дар як идораи хоричии фаронсави кор ба худ пайдо кард. Мохе баъд Самангони Бадриддинро ба Бомиён хост. Бадриддин аз рузи аввали ба кор омаданаш бо кори содиконаву бо донистани забони англиси, дар калби раиси ин дафтари башари огои Мишель маъво пайдо кард. Ним сол баъд дафтар дар Дарвоз шуруъ ба фаъолият карду Бадриддин раиси ин идораи сохави гашт. Тули як мох аст, ки Бадриддин хуру хоб надорад ва дар ин муддат хазорхо дехконхо аз идораи у ба тарики ройгонаву нимакарза тухмихои гандуму картошкаву сабзавот, нурихои маъдани ва нихолхои босамар гирифта, дар хакки мудири зироати дафтар Бадриддини Обид дуои хайр мекарданд.
Як мох пеш зану духтаронаш хам аз Кобул ба Дарвоз омаданд. Нуриддин, писари кенчаи Обидшох янгаву кудакхояшро аз шахри Файзобод то Рогистон савори мутар (мошини мусофирбар) оварда, сипас ду хафтаи расо онхоро аспакиву харакиву пои пиёда бо сад захмату мушкилот ба Чавайдара расонд. Бадриддин дар хусуси занаш чизе ба мадараш нагуфта буд, вале ба назари муйсафед чунин менамуд, ки синхори кобулиаш обистан аст. Ростиву дурустии чашмдошти уро, рузе, замоне ки у ба кампираш дар оташдони аловга (чои пухту паз- лафзи дарвози) кумак мекард, аз забони худи Мохидарвоз шунид:
— Синхорам писардор шудан мехохад
.- Нияти нек-ними давлат. Кошки, ман дар хамин даврони пири руи набераи мардинаро медидам,- алови оташдонро паст карда, гуфт Обидшох.
— Камтолеъанд писархоям. Чор духтар Нуриддин дораду шаш духтари дигар Бадриддин,- хокистари руи нони пухтаро пуф-пуфкунон,- гуфт Мохидарвоз.
— Агар Бадриддин писардор шавад, барзагови кулбаиамонро(барзагов барои шудгор) кушта, оши худои медихам.
— Холо сабр кун мардак, пеш аз туй накора навохтан чи зарур.
— Не дилам гувохи медихад,ки набераам мардина аст.
— Агар набошад-чи?
— Чаро?
— Ин кадар чаро, чаро мегуи мардак. Бубин, Давлатмохи хамсояамон танхо баъди духтари хафтумаш Рахмиалиро таваллуд кард. Хадичаи убаричуи Талабшоро пас аз нух духтар ба дуньё овард.
— Холо, ба назарат писари мо хам мисоли Сарваршохи падари Талабшох баъди духтари нухумаш писардор мешавад?
— Худо медонад? Мукаддамтар аз хама ба ман саломатии синхорам аст. Он тарафашро зинда монем, боз мебинем,- мушаввашона гуфт Мохидарвоз.
Гуфтугуи онхо бо хамин хотима ёфт.
Муйсафеди Обидшох бараъло медид, ки Бадриддин аз беписари хуш нест. Боре чанчолакеро байни писару келинашро шунид, ки Бадриддин таъназанон ба занаш мегуфт:
— Аз ту факат духтар мезояду бас. Агар ман модапуштии туро медонистам, кайхо зани дигар мегирифтам.
— Агар ман духтар ёфтам аз икболи баланди худ. Ба зан мардум чи бехтар-духтар. Холо, ки дар назарат пир шудааму майли зани дигар дори, он зан хам ба ту духтар мезояду бас ва экизаку дугоник. Ана баъд мефахми, ки модапушт манам ё ту.
Муйсафед аз теззабонии синхораш норохат шуд. Ин гуна баландпарии синхорро чашмдор хам набуд. «Кобули аст дигар, кобули. Бадриддин агар зани дарвози мегирифт, хубтар мебуд. Занхои дарвозиро камчиншапу чубшап куни хам «лому мим»е намегуянд.
Холо сазои сари писари вазифадору бомаълумотам хамин будааст». Малолай бо васфи оне, ки кобули хам бошад, духтари як рахтшуи бенавое буд, ки фарзандонаш дари мактабу мадрасаро надида буданд.
Обидшох, баъди оне, ки писари хаждахсолааш озими сафари Кобул шуда буд, такдири уро ба Худо супорида буд. Он вактхо дар мамлакат чангу мухолифатхои байни куввахои хукумативу исломи нав даргирифта буданд. Обидшохи намозгузор чун пештара мунтазам ба масчид мерафт. Ду-се бор дар масчид шахсони баладу нобалад уро аз Бадриддин пурсон карданд. Дар аввал гуш ба кари зад ва дар нихояти ичбори кутохакак гуфт:
— Бачаам дар кадом як мадрасаи Кобул дар муллои мехонад.